Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон, мардуми Афғонистон дар шаҳрҳои мухталиф аз ҷумла Кобул пойтахти ин кишвар дар хусуси афзоиши қимати маводи ғизоӣ аз ҷумла гушт ва тухми мурғ шикоят доранд.
Мардуми Афғонистон мегӯянд, баҳои тухми мурғ ва гушти мурғ дар бозорҳои пойтахт то 50 дарсад афзоиш ёфтааст.
Бар асоси ин гузориш, як шона (30 адад) тухми мурғ аз 200 афғонӣ ба 300 афғонӣ афзоиш ёфтааст.
Афғонистон бештар гушт ва тухми мурғро аз Покистон, Эрон, Қазоқистон ва Узбакистон ворид мекунад.
342/